Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умариён ба кор баргашт. Ҳамлаварон ҳанӯз ошкор нашудаанд


Абдураҳим Умаров, раиси Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки шоми 27-уми феврал дар назди бозори маҳаллаи 103-уми пойтахт аз сӯи афроди ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта буд, пас аз анҷоми давраи табобат ба иҷрои масъулияти худ баргашт. Абдураҳим Умаров (Абдураҳими Умариён) раиси Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи сешанбе ба Дафтари кориаш баргашт ва ба фаъолияти худ пардохтааст. Вай афзуд, ки тайи 18 рӯзи табобат пурра шифо ёфта ва худро солим ҳис мекунад.

Аммо ҳанӯз афроде, ки ба вай ҳамла кардаанд, ошкор карда нашудаанд ва ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила, таҳқиқи ин ҳодиса то кунун идома дорад. Шоми 27 феврал Абдураҳим Умаров дар назди бозори маҳаллаи 103-уми пойтахт аз сӯи афроди ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта буд.

Дар натиҷаи зарбу лат Абдураҳим Умаров аз ҳуш рафта ва вақте ба худ меояд, аз як роҳгузар хоҳиш мекунад, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ занг занад. Кормандони милиса баъди огоҳӣ пайдо кардан аз ин қазия ба ҷои ҳодиса меоянд ва рӯзноманигорро ба беморхонаи марказии Қарияи болои пойтахт мебаранд ва баъди расонидани кӯмаки аввалия аз сӯи табибон ба беморхонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Абдураҳим Умаров ба хабаргузориҳои гуфта буд, ки чанд моҳ қабл афроди ношинос дар мавриди гузоришҳояш ба ӯ таҳдид кардаанд, аммо Умаров ин ҳамаро нодида гирифта буд. Сухангӯи Хадамоти гумрук, дар бораи фаъолияти кормандони гумрук дар минтақаҳои марзӣ дар амри мубориза бо қочоқи маводи сӯхт, хусусан дар манотиқи марзӣ бо Қирғизистон, барои шабакаҳои телевизионии кишвар гузоришҳои махсус омода мекард.
XS
SM
MD
LG