Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Қубодиён: "Аввал артиш, баъд издивоҷ"


Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён.
Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён.

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз сокинони маҳаллӣ даъват кардааст, барои ҷавонмардоне, ки хизмати сарбозӣ дар Артиши Тоҷикистонро адо накардаанд, духтарашонро ба занӣ надиҳанд.

Саъдулло Бекназаров, раиси тозатаъини Қубодиён дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфт, ки «пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд.

«Давру замоне буд, ки то дар армия хизмат намекардӣ, келин намедонанд духтарашонро, ҳоло ҳам дар тарафҳои Хуҷанд ҳамин хел аст. То писарат дар артиш хизмати сарбозиро адо накарда бошаду маълумоти олӣ надошта бошад, келинёбӣ ҷудо мушкил буд. Чунин хостгорҳоро рад мекарданд, ки шояд писарашон «негодний» бошад. Чаро ҳоло мо чунин амал накунем?! Чӣ камӣ дорем мо? Ба ҷавони хизматкарда дар артиш бояд авлавият диҳем! Кай хаёлҳои хоми «артиш – бад!»-ро аз сар дур мекунем?», - афзуд С. Бекназаров.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд ин талаб ки ҷавонон қабл аз издивоҷ бояд хизмати аскариро анҷом диҳанд, хилофи қонун аст, аммо азбаски раиси ноҳияи Қубодиён ба ин мазмун дар ҷаласаи ҳукуматие суҳбат кардааст, мақомоти маҳаллӣ бо ҳар роҳу васила барои иҷрои он талош хоҳанд кард.

Умаралии Сафаралӣ, таҳлилгари тоҷик
Умаралии Сафаралӣ, таҳлилгари тоҷик
Таҳлилгари тоҷик Умаралии Сафаралӣ бар ин назар аст, ки ҳоло мардум ба ҷавонони дорои билети ҳарбӣ бартарӣ намедиҳанд, чун дар ду даҳсолаи охир, дар пасманзари ҷанги шаҳрвандӣ ва талафоти зиёди ҷонии сарбозони нерӯҳои мусаллаҳ дар амалиётҳои гуногуни ҷангӣ, хизмати ҳарбӣ барои бархе ҷавонони тоҷик ба қавле «престиж» нест.

Умаралии Сафаралӣ аз ҷумла гуфт: «Волидайни ҷавон агар ба хостгорӣ бираванд, соҳибони духтар аслан аҳамият намедиҳанд, ки писар хизмати низомӣ кардааст ё хайр. Албатта шояд шод шаванд, агар писар билети ҳарбӣ дошта бошад. Зеро домод дигар хизматгурезӣ намекунад, зангириаш ба қавле «брак по расчету» нахоҳад буд. Фикр намекунам, пешниҳоди чунин таклифҳо, ки «аввал хизмат, баъд зангирӣ» ҳоло дархури замон бошад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаралӣ, ҳоло ҷавонон бештар бо ҳар роҳу усул талоши парҳез аз адои хизмати ҳарбӣ мекунанд: шомили донишгоҳҳо мешаванд ё ба Русия ба мардикорӣ мераванд.

Дар ҳамин ҳол Бобурбек Кенҷаев, сарбози яке аз воҳидҳои низомии воқеъ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, дар маҳалли зодгоҳаш дар вилояти Суғд, барои ҷавонписаре, ки дорои билети ҳарбист, яъне хизмати сарбозиро адо кардааст, дарёфти розигии волидони арӯс барои издивоҷ, осонтар даст медиҳад.

«Албатта мисли пешина сахт намегиранд, ки масалан хизмати аскарӣ накарда бошад, ҳатман духтар намедиҳанд, аммо лекин ба бачаи хизмат кардагӣ зан гирифтан проблема нест. Хизмати аскарӣ одамро солиму бардам мекунад, ҷавони аз аскарӣ гузаштагӣ ба қадри зиндагӣ мерасидагӣ мешавад, пуртоқат мешавад. Аз ин рӯ, волидони духтар, ба бачаҳои хизматкарда дар артиш духтарашонро зиёд фикр на карда, медиҳанд», - гуфт Бобурбек.

Аммо Рустами Суҳроб, ҷавоне аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳоло аввалин суоле ки волидони духтар ба хостгорҳо медиҳанд, на ин аст, ки оё ҷавон хизмати низомиро анҷом додааст ё хайр, балки бештар ба доро будани вай таваҷҷуҳ мекунанд: «Ҳоло азбаски сатҳи зиндагӣ паст аст ва маоши хубу даромади доимӣ надоранд бисёриҳо, мардум гумон мекунанд, онҳое, ки ба Русия мераванд, сатҳи зиндагиашон беҳтар ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин аст. Аз ин хотир, аксари оилаҳое, ки ба духтарашон хостгор меояд, аз қудошавандаҳо суол мекунанд, ки писаратон ба Русия рафта меояд, ё не. Ин чиз муайянкунандаи сатҳи дороии хонаводаи домод шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз як усули дигари ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиши миллӣ кор гирифтааст. Ҳукумат ба сокинони маҳаллӣ, асосан волидон ваъда супурдааст, ки агар писари болиғашонро довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои пайвастанаш ба сафи артиши Тоҷикистон таслим кунанд, онҳо дар навбати аввал ба зиёрати ҳаҷҷ фиристода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG