Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Муҷоҳидини халқро ба ҳамкорӣ ташвиқ мекунад


ИМА аз раҳбарони гурӯҳи мухолифини ҳукумати Эрон бо номи Муҷоҳидини халқ тақозо кардааст, ки “фавран” пешниҳоди Албания дар бораи қабули 210 узви ин созмонро бипазирад. Рӯзи 16-уми март Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки Муҷоҳидини халқро раҳбарӣ мекунад, ин пешниҳоди Албанияро рад карда буд. Феълан беш аз 3 ҳазор узви ҷунбиши Муҷоҳидини халқ дар собиқ пойгоҳи ИМА дар канори шаҳри Бағдоди Ироқ ба сар мебаранд. Тибқи созиш бо СММ онҳо бояд ба хориҷи Ироқ муҳоҷират кунанд. Онҳо дар гузашта дар Камп Ашрафи шимолу шарқи Ироқ иқомат дошта, борҳо мавриди ҳамлаҳои нерӯҳои амниятии Ироқ қарор гирифтаанд. Департаменти давлатии ИМА аз Муҷоҳидини халқ даъват кардааст, ки бидуни шартгузорӣ ҳамкорӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG