Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар меъдаи мусофир аз Тоҷикистон ҳероин ёфт шуд


Рӯзи душанбе хабаргузории Интерфакс бо такя ба хадамоти гумруки Русия хабар дод, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як мусофири тоҷик бо тахминан 600 грамм ҳероин боздошт шудааст.
Ба навиштаи хабаргузорӣ рӯзи шанбеи 16-уми март дар меъдаи як шахси 28-сола, ки аз Душанбе ба Маскав омада буд, 78 контейнер бо ҳероин ёфт шуд. Мақомот парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Идораи мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар фурудгоҳи Домодедово гуфтааст, ки соли гузашта дар меъдаи 32 қочоқчӣ беш аз 23 килограмм ҳероин ташхис ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG