Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ созиши саросарии фурӯши силоҳро баҳс мекунад


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун (аз чап) ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ (аз рост)
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун (аз чап) ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ (аз рост)
Рӯзи душанбе дар СММ музокироти тиҷорати аслиҳаи шартномавӣ ифтитоҳ ёфт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз иштирокчиёни музокирот даъват кард, ба гузашт ҳозир бошанд, то аввалин созиши иҷбории муқарраркунандаи фурӯши аслиҳа дар саросари олам ҳосил шавад. Ба гуфти Бан ин созиш дастрасии ҷангсолорон, гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноӣ ва террористон ба силоҳро душвор мекунад.
Бидуни шак ин масъалаи душвор аст. Аммо боз ҳам набудани ҳокимияти қонун дар тиҷорат аслиҳа ғайри қобили фаҳм аст. Мо дар фурӯши курта, бозича ва помидор меъёрҳои хоси ҷаҳонӣ дорем. Ин маънои онро дорад, мо ҳатто дар ахриду фурӯши курсӣ стандарт дорему дар фурӯши саросарии силоҳ не.”
Моҳи июли соли гузашта ҳамин гуна музокирот бидуни натиҷа ба анҷом расида буд. Тарафдорони созиш мегӯянд, кишварҳо бояд интиқоли силоҳҳо тавассути қаламравашонро назорат намоянд, то кафолате бошад, ки он ба хотири поймол намудани ҳуқуқи башар ва хилофи таҳрим истифода намешавад. Маҷмаи кулли СММ эълон кардааст, ки ин даври музокирот кӯшиши ниҳоии эҷоди чунин як созиш буда, то 28-уми март идома хоҳад кард. Тиҷорати ҷаҳонии силоҳ солона тахминан ба 70 миллиард доллар баробар аст.
XS
SM
MD
LG