Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Амрико кафолати амниятӣ мехоҳад


Русия мегӯяд, тағйири барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА собит мекунад, ки Вашингтон бояд кафолат диҳад, ки ин лоиҳа бар зидди Русия нигаронида нашудааст. Стратегияи нави ИМА бунёди сипари зиддимушакҳои баллистикӣ дар Полша ва ё Лаҳистонро, ки Русия мухолифини он буд, лағв кардааст. ИМА мегӯяд, ин сипар дар минтақаи Аляска ва Япони ё худ Ҷопон бунёд хоҳад шуд, то мушакҳои Кореяи Шимолиро хунсо кунад. Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи душанбе гуфт, ки бунёди сипари зиддимушакӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мояи нигаронии Маскав аст. Дар Брусел дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Рамуссен гуфтааст, ки сарфи назар аз тағйири мавқеи ИМА аврпоуиҳо барномаи мудофиаи зиддимушакиро тағйир нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG