Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон музокиротро ба таъхир мегузоранд


Раҳбарони қабилаҳои покистонӣ, ки дар музокироти ҳукумати Покистон бо Толибони маҳаллӣ миёнаравӣ мекунанд
Раҳбарони қабилаҳои покистонӣ, ки дар музокироти ҳукумати Покистон бо Толибони маҳаллӣ миёнаравӣ мекунанд
Толибони Покистон иброз доштаанд, ки пешниҳоди музокироти сулҳ бо ҳукумати ин кишварро “муваққатан ба таъхир мегузоранд”. Рӯзи душанбе Таҳрики Толибони Покистон ба хабарнигорон як навори видео фиристода, гуфтаанд, ки ҳукумат талоши ҷиддӣ барои пешбурди музокирот нишон намедиҳад. Ба гуфти онҳо аз соли гузашта, вақте Толибони Покистон музокироти сулҳ бо ҳукумати ин кишварро матраҳ намуданд, натиҷае зиёде ба даст наомадааст. Ҳукумат аз Толибон хоста буд, ки ба ҳайси пешшарти музокирот оташбаси 30-рӯза эълон кунанд. Сухангӯи Толибони Покистон Эҳсонулло Эҳсон аз мардуми Покистон даъват кардааст, ки интихоботи умумии ин кишварро бойкот кунанд. Ҳафтаи гузашта барои аввалин бор дар таърихи Покистон парламенти ин кишвар даври комили вазифаҳояшро иҷро намуд. Дар миёнаҳои моҳи май раъйдиҳандагони Покистон парламенти нави ин кишварро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG