Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз мерасад ва мардум боз ҷомаву чоруқҳоро аз сандуқҳо берун мекунанд.

Убайдулло Раҷабов, саркоргардони ҷашнвораи наврӯзӣ мегӯяд, ки Наврӯз дар Душанбе имсол ҳам бо шукӯҳ ва бо шеваи нав баргузор мешавад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки дар наврӯзгоҳи пойтахт боғи ҳақиқӣ бунёд шудааст ва намоиши идона он ҷо мегузарад. Ҳунарманди шинохта афзуд, ки "замони пеш ҳам идро асосан дар боғу чорбоғҳо таҷлил мекарданд, мардум дегҳоро мегузоштанд ва суманаку таомҳои идона таҳия мекарданд. Мо дар таҳияи намоиши идона ҳама рамзҳои наврӯзиро ба инобат гирифтаем ва дар боғ паррандаҳои зиндаро ҳам метавон дид ва он ҷо товусҳо гаштугузор мекунанд”.

Ба гуфтаи Убайдулло Раҷабов,“ид имсол ҳам дар пояи Тахти Ҷамшед мегузарад, ки мо соли гузашта сохта будем, зеро аҷдодони мо таҷлили Наврӯзро аз ҳамон ҷо шурӯъ кардаанд”.


Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов

Саркоргардони ҷашнвораи наврӯзӣ,мегӯяд, ки ҳама дарахтҳо ва буттаҳои наврӯзгоҳ ҳақиқиянд ва баъд аз хатми ҷашнвора рӯзи 23 март онҳо ба боғзори атрофи наврӯзгоҳ кӯчонида мешаванд.Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои ширкат дар намоиши идонаи наврӯзӣ имсол на донишҷӯёну мактабиён, балки ҳунармандон ва сокинони маҳаллаҳои гуногуни Душанбе, аз ҷумла, занони хонанишин ҷалб карда шуданд.

Таври маъмул, дар рӯзҳои наврӯзӣ дар шаҳру маҳаллаҳои Тоҷикистон намоишгоҳҳои зиёд, аз ҷумла, намоишгоҳи осори бостонӣ, ташкил мешаванд. Ба гуфтаи Убайдулло Раҷабов, имсол дар ду тарафи роҳ аз наздикиҳои пули мошингарди болои рӯдхонаи Душанбе то наврӯзгоҳ намоишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши таомҳои наврӯзӣ ва маҳсулоти қаннодӣ доир хоҳад шуд.

Аммо баъзе аз коршиносон аз шеваи ташкили ин намоишгоҳҳо интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки ҳар сол ба маърази намоиш гузоштани чархаву дук ва сари ҳар қадам суманак пӯхтани занону духтарон хастакунанда аст. Ба гуфтаи онҳо, шеваи баргузории ҷашн дар бист соли ахир тағйир нахӯрдааст ва ҳар сол дар Наврӯз мардум аз сандуқҳои қадимӣ боз ҷомаву яктаҳу куртаҳои қадима, cӯзаниву кашидадӯзиҳо, чоруқу муккиҳо ва аз таҳхонаҳо чархаву олоти пахтаву риштаресиро берун мекунанд.

Комил Бекзода, донишманди тоҷик мегӯяд, ки аслан нахустин намоишгоҳи наврӯзӣ тақрибан 2500 сол пеш ташкил шуда буд. Ӯ бо такя ба манобеи таърихӣ меафзояд, ки Наврӯз замони шоҳ Куруши Кабир хело бошукӯҳ таҷлил мешуд. Баъд аз забти Байнулнаҳрайн шоҳ Куруш эълом медорад, ки Наврӯзро дар Бобул, дар қаламрави имрӯзаи Ироқ, баргузор мекунад. Бори аввал ӯ Наврӯзро ба мардуми дигар ақвоми Ховари Миёна муаррифӣ мекард ва аз онҳо хост, ки ҳар қавм дар баргузории ид саҳм гузорад. Ба гуфтаи Комил Бекзода, аввалин намоишгоҳ маҳз ҳамон замон ташкил шуд ва ҳатто бутпарастон бутҳои чӯбиву сангиву оҳании худро ба наврӯзгоҳ оварданд. Донишманди тоҷик меафзояд, ки дар девораҳои Тахти Ҷамшед, воқеъ дар 60-километрии шаҳри Шероз, ҳадяҳои қавмҳои гуногун ба шоҳ тасвир шудаанд.

Комил Бекзода мегӯяд, ки Наврӯз бояд як ҷашни фарҳангиву намоиши дастовардҳо ва таҳкими робита бо дигар кишварҳо аз тариқи илму фарҳанг, ҷашни мусиқиву ҳунар бошад. “Ҳоло дар наврӯзгоҳҳо бештар суманакпазиву намоиши таомҳои наврӯзиву нону кулчаҳо сурат мегирад ва аммо набояд ин идро ба як “оши худоӣ” табдил дод”, мегӯяд донишманди тоҷик. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки баргузории намоишгоҳҳо ва шодиву нишоту бозиҳои гуногун дар саҳро ё боғу чорбоғҳо ба як бахши Наврӯзи тоҷикон табдил шудааст. Бо фарқ аз ин, дар Эрони имрӯз Наврӯз як иди хонаводагист, ки пайвандону дӯстон сари хони наврӯзӣ гирди ҳам меоянд ва ба ҳамдигар ҳадяҳо эҳто мекунанд.

Гулрухсор, шоираи маъруфи тоҷик мегӯяд, ягона навгоние, ки солҳои ахир ба Наврӯз ворид шудааст, ин “Арӯси сол” ё “Маликаи Наврӯз”, ҳамон духтараки
Шоира Гулрухсор

Шоира Гулрухсор

ҷавон бо либосҳои зебои имрӯза аст. Ӯ меафзояд, “солҳо боз дар Наврӯз аз таҳхонаҳо ё осорхонаҳо ҷомаҳои кӯҳнаву чоруқу муккиро гирифта ба бар мекунанд ва ба ин васила гуфтанианд, ки Наврӯз иди кишту кор ҳам ҳаст. Ин ҳама чизҳои хело содда ва хандаоваранд, зеро барои ман аҳамият надорад, ки дар пойи Бобои Деҳқон чӣ буд... “ Ба гуфтаи шоира, Наврӯз бояд иди фарҳангу ҳунару шеър бошад. “Ман Наврӯзро ҷашни шеъру шароб ҳам меномам”, меафзояд ӯ. Шоира мегӯяд, ӯ орзу дорад, ки дар Наврӯз ҳамсаола Ҷашни бузурги шеър баргузор шавад ва шоирон аз кишварҳои форсизабон ва аз дигар мамолик ҷамъ биёянд ва бо забонҳои гуногун шеър хонанд”.

Бв гуфтаи Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, Наврӯз на фақат иди бостонӣ, балки бояд иди миллӣ бошад. Ӯ мегӯяд, ки ҳама суннатҳову анъанаҳои бостонии ашнро бояд ҳифз кард ва аммо ҳамзамон ба он бояд навовариҳое низ ворид шавад, то он баъд аз чанд сол дилбазан нашавад. Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, имсол қабл аз иди Наврӯз нахустин намоиши офаридаҳои бонувони рассом баргузор шуд, ки як падидаи нав аст ва баргузории намоишгоҳҳои мусаввараҳо, базми шеър, ҷашнвораи филмҳое, ки тайи як соли ахир таҳия шудаанд, намоиши дастовардҳои олимону донишмандони соҳаҳои гуногун бояд маъмулӣ шавад.

Сафар Ҳақдод мегӯяд, таъсиси ҷоизаи махсуси наврӯзӣ барои асарҳои ҷолибу нодир дар бахшҳои илму адабиёт ва санъати театриву мусиқӣ ва ҳамчунин барои эҳёву рушди ҳунарҳои мардумие, ки ҳоло батадриҷ ба ҳукми фаромӯшӣ мераванд, метавонад ба ҷашни Наврӯз тозагӣ бубахшад.
XS
SM
MD
LG