Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав даҳҳо муҳоҷири кориро боздошт карданд


Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, дар вилояти Маскав 80 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистонро боздошт кардаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Юлия Макарсева, сухангӯи раёсати минтақавии умури дохилии Маскав навиштааст, ин афрод, ки дар як анборе дар ғарби Маскав кор мекарданд, ҳангоми амалиёт барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуниро барои бозпурсӣ ба раёсати умури дохилӣ овардаанд ва масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани онҳо баррасӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG