Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Покистон афзуд


Дар ҳамлаи ситезаҷӯён ба як додгоҳе дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 4 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Имтиёз Алтаф, сардори пулиси Пешовар ин ҳамла ба хабарнигорон гуфт:" Ду террорист баъди тирандозӣ ба сӯи се маъмури пулис дар назди даромадгоҳи асосӣ, ба бинои додгоҳ ворид шуданд. Онҳо ба бинои асосӣ расиданд, яке аз онҳо камарбандашро тарконд, дуввумиро пулис кушт." Ҳамла нисфирӯзӣ ва дар замоне сурат гирифтааст, ки ҳазорон нафар, вакилону мизоҷонашону додрасҳо дар бузургтарин додгоҳ дар вилояти Хайбар Пахтунхва кор мекарданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Аршад Хон, афсари пулис, яке аз қурбониёни таркиш як зани додрас будааст. Шаҳри Пешовар ба манотиқи қабоилнишин ва ноороми Покистон наздик аст ва ҳамлаҳо ба шаҳрро кори дасти Толибон ва шарикони онҳо медонанд.
XS
SM
MD
LG