Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Бозори гулбаст серхаридор аст


Гулбаст, як навъ либоси миллӣ, дар Кӯлоб аз серхаридортарин либос дар арафаи Наврӯз шудааст.

Ин навъи либосро аз Савринисо, ягона зане, ки бо даҳ шогирдаш дар шаҳри Кӯлоб гулбаст омода мекунад, аз сокинони одӣ то ҳунармандони маъруф пеш аз ҷашни Наврӯз дархост кардаанд.

Либоси гулбаст рангкории ҳунармандонаи бостонист, ки дар Кӯлоб танҳо дар хонаводаи ин зан боқӣ мондааст. Замоне, ки мо ба маҳалли зисти Савринисо рафтем, ӯ бо шогирдонаш рӯи матои сафед ҳунармандона ранг мезад, ки он шакли зебоеро дар чашм ҷилвагар месохт.

Савринисо
Савринисо
Савринисо тарзи омода кардани ин либосро барои мо қисса мекунад: «Аввал, мо матои сафед, сони махсус аз бозор харидорӣ мекунем. Онро бо оби гарм як бор мешӯем. Баъдан, бо усулҳои хоси худ як бор бо ресмон баста рангкорӣ мекунем. Пас аз оне, ки аз ранг гирифтем, онро дар офтоб мегузорем. Ин корро ҳам бояд дар рӯзи офтобӣ анҷом дод. Пас аз офтоб кардан, боз ранг мезанем ва баъд гулҳоро бо ҳар ранги хос оро медиҳем. Матоъ гулбаст мешавад, ки баъдан ҳар хонум метавонад онро ба таври худ ороиш диҳад.»

Ҳунари омода намудани Гулбастро Савринисо 35 сол пеш аз хушдоманаш, ки миёни мардуми Кӯлоб бо номи Холаи Шоистаи Гулбасткун маъруф аст, омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, гузаштагони хушдоманаш таи садсолаҳо ин ҳунарро идома медоданд ва ба хотири аз миён нарафтан онро ба аъзои оила, духтарону арӯсони хонавода омӯзиш медоданд.

Ширинмоҳ, духтари хурдии Савринисо аст, ки ин ҳунарро аз худ кардааст ва дар кӯчаву хиёбон бо либосҳои гулбаст гаштугузор мекунад. Либосе, ки ба гуфтаи ӯ берун аз шаҳри Кӯлоб ҳамаро ба ҳайрат меорад: «Ҳар гоҳ ки бо ин либос аз Кӯлоб берун меравам, ҳама ҳайрону харидорӣ либосам мешаванд. Саволҳои зиёди раҳгузарон маро гоҳе дилгир ва гоҳе хурсанд мекунад. Ҳоло ба ин хулоса расидам, ки ин либосро на танҳо ман меписандидаам, балки дигарон низ онро хуш қабул доранд.»

Либосҳои гулбасте, ки хонум Савринисо бо шогирдонаш омода мекунад, ба ҷуз аз хона, инчунин, дар дӯкони ширкати «Чакан» дар маркази Кӯлоб ба фурӯш гузошта шудааст. Ин ширкат куртаҳои чакану гулбастро дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он ба фурӯш мегузорад.



Зариф Валиев, мудири ширкати «Чакан», мегӯяд, дар Кӯлоб барои муштариёни онҳо сад зани чакандӯз либос медӯзад, аммо гулбастҳои Савринисо, ки навъе аз чакананд, фарқкунанда аст: «Ин як санъати хос аст, ки ҳама гуна матоъро намешавад барои омода карданаш истифода кард. Сони ғуломҷонӣ мегӯянд, ки танҳо бо он гулбаст карда мешавад. Ин ҳунарро ҳам ҳар кас наметавонад, ки анҷом диҳад, зеро сире дорад, ки онро танҳо дар хонаводаи хонум Савринисо медонанд. Дар Ҳиндустон, вақте ки мо барои як намоиш-фурӯши либосҳои миллӣ рафтем, барои занҳои ҳинду гулбаст хеле қобили қабул дониста шуд. Зеро дар шароити гармӣ ин як либосе аст, ки баданро аз таъсири гармӣ нигаҳ медорад.»

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Тоҳиров, фарҳангшиноси маҳаллӣ, мегӯяд, дар Кӯлоб ду навъи либоси маъмулӣ маълум аст, ки якеро чакан ва дигареро гулбаст мегӯянд. Чаканро тариқи нақшдӯзӣ омода мекунанд ва гулбастро бо рангҳои табиӣ бидуни дӯхтани нақш. Ҷаноби Тоҳиров мегӯяд, дар либоси гулбаст ҳамон рангҳои сурху зарду бунафш, ки аз бостон мерос мондаанд, инъикос меёбад. Ин ҳунар, ба гуфтаи Тоҳиров, ба меҳрпарастии аҷдодони мо мерасад, ки ба хуршеду ситораву моҳ эҳтиром доштанд ва акси онҳоро дар либосҳои худ дарҷ менамуданд.

Ҳар як рангу нақши гулбастро фарҳангшиносон рамзи хосе унвон мекунанд. Савринисо мегӯяд, ӯ ба рамзҳои гулбаст сарфаҳм намеравад ва он чиро, ки аз хушдоманаш омӯхта буд, бе ягон тағйиру дигаргунӣ омода месозад. Вай акнун талош дорад, то ин ҳунарро ба фарзандону наздикони худ, ки ҳоло ҳамчун шогирд назди ӯ кор мекунанд, омӯзиш диҳад, зеро ба танҳоӣ наметавонад дархости муштариёнро анҷом диҳад. Савринисо мегӯяд, хушдоману шавҳараш аз дунё даргузаштанд ва ба ӯ ҷуз ҳамин ҳунар чизе мерос нагузоштаанд. Меросе, ки ҳоло зиндагии худу фарзандонашро хуб мегузаронад.

Замони шӯравӣ пӯшидани ин либос ҳамчун либоси бозмондаи замони феодалӣ мамнӯъ буд. Хонаводаи Савринисо онро танҳо барои истифодаи аҳли хонаводаи худ дар дохили манзили зист омода мекарданд. Аммо ҳоло гулбаст аз серхаридортарин либоси пеш аз наврӯзии сокинону ҳунармандон шудааст, ки зиндагии Савринисо ва панҷ фарзанди ӯро, ба қавле, шоҳона кардааст.
XS
SM
MD
LG