Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устоди Консерватория ректор ва вазирро ба додгоҳ кашид


Як устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ректори ин таълимгоҳ ва вазири фарҳангро ба додгоҳ кашидааст. Профессор Маҳмадқул Давлатов, собиқ ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ректори ин таълимгоҳ Раҷабмад Амиров ва вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрориро ба додгоҳ кашидааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ки додситонии ин ноҳия парвандаи шаҳрвандӣ бар асоси шикояти ноиби ректори Консерваторияи Тоҷикистон Мамадқул Давлатовро, ки ғайриқонунӣ аз тарафи ректори ин таълимгоҳ аз вазифааш барканор шудааст, дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба додгоҳ ирсол дошт.

Шӯъбаи сабти ҳуҷҷатҳои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 18-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки қарор аст, рӯзи 20-уми март нахустин мурофиаи парвандаи марбут ба шикояти собиқ ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Маҳмадқул Давлатов сурат гирад ва дар он ҷонибҳо ба санадҳои пешниҳодӣ ошно шаванд.

Аммо ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров дар робита ба ин масъала ба «Озодӣ» гуфт, ки масъалаи таъйини декану ноиби ректори Консерватория аз тарафи вазири фарҳанг сурат мегирад ва Мамадқул Давлатов бо сабаби «солҳои дароз дар як вазифа кор карданаш аз ин масъулият барканор карда шудааст.» Ҷаноби Амиров афзуд, ки ба ӯ вазифаҳои дигар пешниҳод шуд, вале вай напазируфт.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон гузаштаи зиёд надорад ва 10-уми майи соли 2003 дар заминаи Донишгоҳи санъат таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG