Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ аз суханони Мавлавӣ Абдураҳим ранҷид


Мавлавӣ Абдураҳим, яке аз фармондеҳони пешини мухолифин, ҳамакнун дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба тадрис машғул аст.
Мавлавӣ Абдураҳим, яке аз фармондеҳони пешини мухолифин, ҳамакнун дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба тадрис машғул аст.

Суханронии Мавлавӣ Абдураҳим, мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, боиси норозигии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд.

Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) зимни суханроние дар мулоқоти ҳайати Кумитаи дин бо сокинон дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфтааст, “ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад». Ин суханони Мавлавӣ Абдураҳим боиси норозигии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд ва аъзои ҳизб аз он шадидан интиқод карданд.

Мавлавӣ Абдураҳим рӯзи душанбеи 18-уми март ҳангоми суҳбат бо радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, вай ин суханонро дар ноҳияи Мастчоҳ дар мактаби рақами 11-и ҷамоати Оббурдон баён доштааст ва ин гуфтаашро бо овардани далелҳои зиёде аз Қуръон ва таърихи ислом асоснок кардааст.

Ба таъкиди Мавлавӣ Абдураҳим, як ҳайати Кумитаи дини Тоҷикистон бо шумули мударрисони Донишкадаи исломии кишвар ба чанде аз навоҳии вилояти Суғд сафар намуда, доир ба масъалаи ҷилавгирии ҷавонон аз гароиш ба созмонҳои тундрав бо мардум мулоқот кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Беков, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, бо изҳори норизоӣ аз суханони мударриси Донишкадаи исломӣ ба радиои «Озодӣ» гуфт, Мавлавӣ Абдураҳим ҳангоми суханронии худ ба таври ғайримустақим бо ёдоварӣ аз ҳаракати сиёсии “Ихвонулмуслимин” изҳори нигаронӣ кардааст, ки гӯё ин ҳизб дар баъзе давлатҳои мусулмоннишин бо номҳои гуногун шуъбаҳои худро дорад ва ин гурӯҳҳо сабаби пайдо шудани баъзе урфу одатҳои ба мо бегона, мисли ҷашни "Ошӯро" ва худкушӣ будаанд.

Ба назари ин намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ишораҳои ҳамаи намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар ин мулоқот зидди Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Вай афзуд, дар ноҳияҳои Исфара, Ашт ва Истаравшан низ ба ҳамин мазмун мулоқотҳо доир гаштааст, вале дар ноҳияи Мастчоҳ лаҳни гуфтор шадидтар буд. Ба таъкиди Илҳом Беков, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби расмӣ буда, дар Тоҷикистон дар асоси талаботи қонун фаъолият дорад.

Аммо муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов, ки сарварии ҳайатро ба уҳда дошт, иддаои намояндаи Ҳизби наҳзати исломиро рад кард ва гуфт, ки ба хотири нагаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ, дар суханронии намояндагони ҳайати мазкур мисолҳои рӯшан аз созмону ҳизбҳои тундраву харобкор дар кишварҳои исломӣ мисол оварда шудааст, вале ягон кас мустақиман дар ҳаққи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъвоеро пеш нагузоштааст, аз ҷумла Мавлавӣ Абдураҳим.

Мавлавӣ Абдураҳим, ки бо номи мулло Абдураҳим маъруф аст, тайи се соли ахир дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ҳайси мударрис фаъолият дорад. Вай дар гузашта намояндаи ҲНИТ дар Кӯлоб буд ва замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба Афғонистон паноҳ бурд ва яке аз фармондеҳони низомии мухолифон буд.

Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, аз роҳи саҳмияи 30 дарсадии мухолифон ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон шомил шуд ва тайи чанд сол дар мақоми раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият дошт.
XS
SM
MD
LG