Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парламент қонун дар бораи гирдиҳамоиҳоро дигар мекунад


Парламенти Тоҷикистон мехоҳад, ки қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» -ро бознигарӣ кунад. Ин масъала дар ҷаласаи ахири парламент матраҳ шуд, ки рӯзи 18 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар хабаре, ки "Ховар"- хабаргузории давлатӣ пахш кардааст, замина ва ангезаҳои ворид кардани тағйирот ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» шарҳ дода нашудааст. Аммо соли 2011 парлумон якчанд дигаргуниро ба ин қонун ворид кард, ки бештар ба вожаҳои ин қонун, "гирдиҳамоӣ", "намоиш" ва "пикет" рабт дошт. Барои намуна аз ибораи "раҳпаймоии осоишта", калимаи "осоишта" берун карда шуд. Ҳамчунин ба қонун "гуруснанишинӣ" ҳамчун як навъи эътироз, ворид гардид. Раҳпаймоӣ ва намоишҳои эътирозӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ин тараф мамнӯъ аст. Мақомот ба чанд дархости ҳизбҳои мухолиф барои баргузор кардани намоишҳои осоишта посухи рад додаанд.
XS
SM
MD
LG