Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯ 60 кило бангдонаро куҷо мебурд?


Сокини ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бо миқдори зиёди маводи мухаддир аз сӯи кормандони милиса боздошт шуд.

Ба иттилои сомонаи ВКД, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯрообод ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир шаҳрванд Сафаралиев Толибҷон Ҳисенович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Хирманҷои ноҳияи мазкур, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили 5 адад бастаҳои селофании дар дасти ӯ буда 60 килою 760 грамм маводи нашъадори навъи «бангдона» дарёфт ва мусодира гардид.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG