Пайвандҳои дастрасӣ

Ба андешаи бисёриҳо, дар Тоҷикистон барои ҷавонон тарҳи ҷиддие бо номи «маъракаи насиҳат» роҳандозӣ шудааст.

Чунин иқдому чораандешиҳо батадриҷ бештар шуда, рӯз то рӯз роҳу усулҳои тоза касб мекунанд. Ташкили созмони ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон «Созандагони ватан», изҳоротҳои пай дар пайи ин созмон ва фаъол шудани онҳо дар баҳсҳои интернетӣ, таъсиси парлумони ҷавонони Тоҷикистон, ташкили курсҳои «Сарварони сиёсӣ» дар назди макотиби оливу ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, эълони озмуни кумитаи ҷавонон барои дастёбӣ ба грантҳо барои таблиғот дар миёни ҷавонон ва иқдоми ахири мақомоти интизомӣ барои ҷалби ҷавонону донишҷӯён ба ҳамкориро бисёре аз донишҷӯёни тоҷик аз бахшҳои ин «маъракаи насиҳат» ном мебаранд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки ин ҳама ба «кашидани лаҷом»-и ҷавонон дар арафаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Далер Шарифов - рӯзноманигори ҷавон

Далер Шарифов - рӯзноманигори ҷавон

Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, бар ин аст, ки ин «насиҳат»-ҳо бештар аз тарси «Баҳори араб» маншаъ мегирад: «Дар ҷомеаҳои ҷаҳони сеюм, ки дар баъзеи онҳо ба мисли Мисру Тунис инқилобҳо шуд, решаи асосии онҳо ҷавонон буданду ба майдон рехтанд. Имрӯз ҳукуматҳои кишварҳои осиёӣ бештар такя карданд рӯйи ҷавонон. Вобаста ба он ки мо дар марҳилаи пеш аз интихобот қарор дорем, ин гуна насиҳатҳо зиёд ба чашм мерасанд…»

Ба бовари Далер, дар интихоботи президентии моҳи ноябри Тоҷикистон ҳанӯз нерӯи сиёсие нест, ки битавонад ҷавононро таҳрик диҳад ва боиси ҳароси ҳукумати кунунӣ гардад: «Дар майдони интихобот ду гурӯҳи қавие нест, ки агар ҷавонон ба гурӯҳҳо тақсим шаванду барои гурӯҳе мушкилӣ эҷод шавад. Ҳарчанд шахсиятҳои алоҳида шиорпартоӣ доранд, вале ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаи онҳо, ки қаблан президенти кунуниро ба ҳайси номзад дар интихобот пешниҳод карданд, дар ин гуна, насиҳатҳову даъватҳо яккатозанд. Иттилооти асосиву таъсиррасон дар дасти ин ҳукумат аст ва аз ин рӯ, шояд паёму таъсиргузориҳои гурӯҳҳои дигар заифтар бошанд.»

Умедаи Ҳисайн, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ, ки дар чунин табдирҳои мақомот фаъолона ширкат меварзад, муътақид аст, ки ин маъракаҳо барои боло бурдани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонони муосири тоҷик хеле лозиму судманданд: «Ин гуна чорабиниҳое, ки аз ҷониби ҳукумат барои ҷавонону донишҷӯён пешбинӣ карда мешавад, барои ташаккули шуурнокии онҳо метавонад саҳме гузорад. Тавре мебинем, баъзеи ҷавонон ба равияҳои тундгаро дохил мешаванд, шояд ин чорабиниҳо онҳоро аз ин роҳҳо баргардонад.»

Ғолибан ҳадафи мақомот аз баргузории чунин маъракаҳои вижа коҳиш додани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро низ ҳаст. Ин мавзӯъ дар пайи нооромиҳои ахир дар Рашту Бадахшон доғтар шудааст, чунки як бахши аъзами онҳое, ки алайҳи ҳукумат силоҳ ба даст гирифтанд, ҷавонон буданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, ҷавони донишҷӯ, мегӯяд, беҳтар кардани донишҳои динӣ ва таъмини ҷои кор метавонад барои пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав боис гардад: «Донишҳои динии насли ҷавонро баланд бурдан даркор, ки ба тафриқаҳо бовар накунанд. Ҷои кор ҳам хеле муҳим аст, чунки баъзе ё шояд панҷоҳ фоизи нафароне, ки ба ҳамин хел роҳ мераванд, ваъзи молиявиашон бад аст. Бинед, қисми зиёди ҷавонони мо муҳоҷиранд.»

Ширкат дар маъракаҳое, чун мактаби лидерони ҷавон, ки ба хатмкунандааш ҳатто сертификати лидерӣ медиҳад, ё узвият дар «Созандагони Ватан» – қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократиро бархе ҷавонон аз нигоҳи сохтани карйераи ояндаи худ муфид медонанд. Дар ин росто аз таҷрибаи комсомоли солҳои шӯравӣ ёд мекунанд, ки ба истилоҳ, мактаби кадрии ҳизби ҳокими коммунист буд ва онҳоеро, ки дар кори комсомол фаъол буданд, баъди хатми мактаби олӣ ба сафи номенклатураи раҳбарӣ мекашонд. Аммо дар шароити кунунии Тоҷикистон, ки сиёсати кадриаш асосан бар пояи аслҳое, чун маҳаллу таборгароӣ ё ошнобозӣ пиёда мешавад, имкони аз байни аҳли ин маъракаҳои вижа чидану гирифтани кадрҳои нав барои такмили рӯйхати раҳбарони Тоҷикистон хеле камтар аст.

Раъногул, донишҷӯе, ки худ иштирокчии фаъоли курси «Сарварони сиёсӣ»-ст, дар маҷмӯъ ин давраҳои омӯзиширо бефоида медонад: «Вохӯриҳое, ки меравем, чизе дода наметавонад, ба ғайр аз хӯрдани вақт. Дар шаш моҳ ё як сол моҳе бо якмаротибагӣ вохӯрӣ бо шахсиятҳо мо соҳиби сертификат мегардем, ки сатҳи дониши моро маълум сохта наметавонад. Гӯё мо соҳиби донишему лидери сиёсӣ.»

Донишҷӯёни дигар мегӯянд, дар шароити асри 21, ки асри пешрафтҳои фанноварист, шеваи бархӯрд бо ҷавонон дар ин маъракаҳои насиҳатӣ хеле қадимист. Ба бовари онҳо, ҳоло дигар намешавад бо насиҳат ва он ҳам бо насиҳатҳои куҳнаву забонзадае, чун «Ватанатонро дӯст доред» ва амсоли ин, ба дили ҷавонон роҳ ёфт.

Афзал Босолиев, як ҷавони хуҷандӣ, мегӯяд: «Дар замони имрӯза ин қадар насиҳати бисёр то андозае ҷавононро дилгир ҳам кардааст. Хуб аст, ки шароит фароҳам оранду корашонро дар амал нишон диҳанд. Имрӯз гӯши насиҳатшунав нест. Дар сатҳи қонун барномаҳои ҷолиб барои дастигириву имтиёз ба ҷавонон қабул карда мешавад, вале дар амал на он қадар назаррас.»

Бо ин ҳама, ба назари бисёриҳо, ҳарчанд ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳанӯз таъсири чандоне надоранд, вале бо рушди фанновариҳо, бахусус интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, чунин ба назар мерасад, ки вазъият кам-кам рӯ ба тағйир аст. Ва шояд ҳадафи мақомот аз ин «маъракаҳои насиҳатӣ» низ як навъ аз пеш чим задани роҳи об бошад? Бавижа дар пешорӯи интихобот.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG