Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситезаҷӯён ба додгоҳи азими Покистон ҳамла карданд


Дар ҳамлаи ситезаҷӯён ба як додгоҳе дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 3 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Имтиёз Алтаф, сардори пулиси шаҳр ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳамла як бомбгузор худро таркондааст ва ситезаҷӯи дигарро маъмурони пулис бо зарби тир куштаанд. Ҳамла нисфирӯзӣ ва дар замоне сурат гирифтааст, ки ҳазорон нафар, вакилону мизоҷонашону додрасҳо дар бузургтарин додгоҳ дар вилояти Хайбар Пахтунхва кор мекарданд.Ба гуфтаи Имтиёз Алтаф, ҳамла дар беруни додгоҳ будааст ва касеро ҳам гаравгон нагирифтаанд. Шаҳри Пешовар ба манотиқи қабоилнишин ва ноороми Покистон наздик аст ва ҳамлаҳо ба шаҳрро кори дасти Толибон ва шарикони онҳо медонанд.
XS
SM
MD
LG