Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони Сурия нахуствазир интихоб мекунанд


Гурӯҳҳои умдаи мухолифи давлат дар Сурия имрӯз ба хотири ташкили ҳукумати муваққат дар шаҳри Истанбули Туркия гирди ҳам омадаанд. Намояндагони Эътилофи Миллии Сурия гуфтанд, ки дар ҳамоиши дурӯза, қасд доранд, нахуствазирро интихоб кунанд, ки ӯ баъдан ҳукумати муваққат таъсис хоҳад дод. Дувоздаҳ номзад хоҳони мақоми нахуствазир будаанд, аз ҷумла вазири собиқи кишоварзии Сурия ва чанд тоҷиру мутахассисони дигар. Ҳукумати муваққат бояд манотиқеро дар Сурия мудирият кунад, ки таҳти контроли шӯришиён қарор доранд ва ҳам фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг созад. Аз оғози қиёмҳои мардумӣ алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар ду соли пеш, то кунун дар ин кишвар бештар аз 70 ҳазор кушта шудаанд ва миллионҳо нафар аз хонаҳои худ гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG