Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 000 сомонӣ фоида аз фурӯши бензин?


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати як шаҳрванди пойтахт, ки ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои сомонаи ВКД, кормандони раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ нисбати шаҳрванд Сайфуддинова Гулнора Раҷабалиевна, соли таваллудаш 1976, сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе, муайян карданд, ки ӯ аз моҳи январи соли 2012 то моҳи феврали соли 2013 бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) ба фаъолияти нигаҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул шудааст. Номбурда таи ин муддат ба миқдори 3 308 216 кг. маҳсулоти нафтиро ба маблағи умумии 2 952 853 доллари амрикоӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардааст ва аз ҳисоби фурӯши ин маҳсулот 60 000 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Раёсати таҳқиқи ВКД ин амали шаҳрвандро «машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» унвон кардааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG