Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи ҷанҷолбарангез ба порлумони Қибрис расид


Порлумони Қибрис имрӯз дар бораи тарҳи молии ҷанҷолбарангезе раъйгирӣ баргузор мекунад, ки хашми мардуми ин ҷазираро барангехтааст. Бар асоси ин тарҳ, амонатгузорони бонкҳои Қибрис бояд дар наҷоти ин ҷазира аз варшикастагии молӣ саҳм бигиранд ва дар ивази 10 миллиард евро кӯмаки молии хориҷӣ, даҳ дар садӣ аз амонатҳои худро дар ихтиёри бонкҳо бигузоранд. Дар тӯли солҳои бӯҳрони молӣ дар ҳавзаи кишварҳои евро, ки Қибрис яке аз онҳост, мақомоти расмӣ ба амонатҳои мардум дар бонкҳо даст назада буданд. Аммо мақомоти Қибрис ва созмонҳои молии қарздиҳанда рӯзи шанбе аз амонатгузорон хостанд, ки барои кӯмак ба бонкҳои мӯҳтоҷи Қибрис 10 дар сади амонатҳои ба бонкҳо бидиҳанд. Мардуми Қибрис аз ин тарҳ ба хашм омада ва онро як навъи дуздии қонунии маблағҳои худ хондаанд. Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис рӯзи якшанбе гуфт, ҳамин созиш, “беҳтарин” роҳи эмин нигаҳ доштани кишвараш аз варшикастагӣ ва берун шудан аз ҳавзаи евро будааст.
XS
SM
MD
LG