Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент бо зиёиён дар бинои нави Осорхонаи Миллӣ мулоқот мекунад


Бинои нави Осорхонаи Миллии Тоҷикистон.
Бинои нави Осорхонаи Миллии Тоҷикистон.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён рӯзи чоршанбеи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи Миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин дидор, ки дар чанд соли ахир дар остонаи иди Наврӯз ба анъана даромадааст, роҷеъ ба татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ибрози андеша кунад. Аммо мулоқоти раиси ҷумҳур бо аҳли зиё бо баҳрабардорӣ аз бинои нави Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сурат мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Музаффар Азизов, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бинои нави Осорхонаи Миллии Тоҷикистон иншооти муҳимест, ки дар он тамоми шароит барои осори фарҳангӣ ва таърихӣ ва баргузории маҳофилу нишастҳои хоса фароҳам шудааст. Ба таъкиди вай, ин бино аз чаҳор ошёна, ки қабати аввалаш зербино аст, ташкил ёфта, дорои беш аз 20 толори намоишӣ аст, ки дар маҷмӯъ 24 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Он гуна, ки Музаффар Азизов гуфт, қабати аввали осорхона «Табитшиносӣ» ном дорад, ки умури кишваршиносӣ, геология, сарватҳои зеризаминӣ, олами набототу ҳайвонот ва ғайраро дар бар мегирад. Ба таъкиди ин масъули вазорати фарҳанг, қабати дуввуми осорхона, осору бозёфтҳо, нигораҳо ва нақшу нигораҳои марбут ба давраи асри санг то асри миёнаро дар бар мегирад. Қабати севуми осорхона ба давраи Сомониён ва қабати чорум, осори асри 20, яъне даврони шуравӣ ва замони истиқлоли Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.

Аммо Музаффар Азизов мегӯяд, ҳар қабати осорхона, толорҳои мудаввар дорад, ки агар дар қабати аввал ин толор барои баргузории нишасту чорабиниҳо бошад, дар қабати дуввум муҷассамаи буддои 13 метра дар шакли аслӣ гузошта шудааст. Ҳамчунин дар қабати чаҳоруми осорхона толори махсусе аст, ки дар муддати 20 соли ахир тамоми туҳфаҳое, ки ба президенти Тоҷикистон дода шудаанд, нигаҳдорӣ мешавад.

Нусхаи шаш нигораи «хазинаи Амударё», ки ахиран Бритониё ба Тоҷикистон додааст, низ дар бинои нави осорхона ҳизф хоҳад шуд ва қарор аст бо дастури раиси ҷумҳур Шаҳриёр Мухторов, муҷассамасози тоҷик ҳама нигораҳои ин ганҷинаро нусхабардорӣ кунад.

Аммо даромадгоҳ ва саҳни бинои нави осорхонаи Миллии Тоҷикистон бо композисияи таърихиву фарҳангӣ, ба хусус муҷассамаҳо Куруши Кабир, Яқуби Лайс, асосгузори давлати Саффориён, Ғиёсиддини Ғӯрӣ, амири давлати Ғуриён, Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон, Маҳмуди Торобӣ, Хушнавоз, Абуалӣ Ибни Сино, Абумуслим ва дигар чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик оро ёфтааст, ки ҷамъи муҷассамаву ҳайкалҳо 22 ададро ташкил медиҳад.

Зимнан, сохтмони Осорхонаи Миллии Тоҷикистон аз ду соли пеш шурӯъ шуда буд ва ҳамакнун дар маҷмааи Кохи Миллат бунёд ёфтааст. Аммо масъулони вазорати фарҳанг дар мавриди маблағи масрафшуда барои ин сохтмон изҳори беиттилоӣ карданд.

Се рӯзи пеш 200 метр дуртар аз бинои нави Осорхона бинои нави вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он аз 8 табақа ё ошёна иборат буда ва муддати ду соли ахир барои сохтмони он маблағи 73 миллион сомонӣ маблағҳои худи вазорат масраф шудааст.

То кунун Осорхонаи Миллии Тоҷикистон ба номи Камоллиддини Беҳзод дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази шаҳри Дӯшанбе ҷойгир аст, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта дар даврони шӯравии пешин бунёд ёфта буд.
XS
SM
MD
LG