Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти мудири бахши «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Спитамен


Бахши вилоятии вазорати умури дохилӣ дар Суғд алайҳи хазинадори намояндагии «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Мастчоҳ парвандаи боз кард, ки дар се ҳолат бо қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Акбар Шарифов, корманди Дафтари матбуоти Бахши вилоятии ВУД дар Суғд рӯзи 18-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки имрӯз нисбати Мирзоқодир Мирзоев, хазинадори намояндагии «Тоҷпромбонк»-дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъ дар шимоли Тоҷикистон бар асоси модаи 200 қисми 4 нигоҳдории маводи мухаддир парванда боз карда шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Мирзоқодир Мирзоев ду рӯз қабл дар ноҳияи Спитамен бо беш аз 9 килограм маводи мухаддир дастгир карда шудааст. Амалиёти кормандони бахши умури дохилӣ дар Суғд дар мавриди боздошти хазинадори "Тоҷпромбанк" сар аз рӯзи 1 март оғоз шуда идома дошт. Дар навбати аввал аз хазинадори намояндагии "Тоҷпромбанк" беш аз 2 килограм маводи мухаддир мусодира карда шуда буд. Маҷмуан тайи амалиёти ҷустуҷӯӣ аз Мирзоқодир Мирзоев 12 килову 700 граммм маводи мухаддир навъи «ҳашиш» мусодира карда шудааст.
XS
SM
MD
LG