Пайвандҳои дастрасӣ

Виллер Оливейраи бразилӣ ба "Истиқлол" пайваст


Виллер Соуза Оливейра

Виллер Соуза Оливейра

Виллер Соуза Оливейра, ҳамлагари 33-солаи бразилӣ, ки бо бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе шартнома баста буд, ба даста пайваст.

Масъулони бошгоҳи футболи "Истиқлол" мегӯянд, Оливейра ба тамрин шурӯъ кард ва ҳамроҳи даста ба мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон, ки 6-уми апрел оғоз меёбад, омодагӣ мебинад.

Оливейра ба торнамои бошгоҳи “Истиқлол” гуфтааст, «ман кӯшиш мекунам, ки ба бошгоҳи нави худ барои ба даст овардани ҷоизаҳо дар мавсими имсола кӯмак намоям.”

Виллер Соуза Оливейра 18-уми ноябри соли 1979 таваллуд шудааст. Вай дар ҳайъати дастаҳои зерин бозӣ кардааст: «Итапипока Эшпорте» (Бразилия, 1999-2001), «Индепенденте» (Аргентина, 2001) , «Анжӣ» (Махачқалъа, 2002-2004), «Динамо» (Брянск, 2004-2005), «Луч-Энергия» (Владивосток, 2005-2006), ФК «Орёл» (2006), «Судува» (Литва, 2007, «Сморгон» (Беларус, 2008), «Форталеза», «Ферровиарио», «Горизонт» (Бразилия, 2009), «Алянса» (Салвадор, 2010), «Вигра» (Лаҳистон ё Полша, 2011).

Оливейра пеш аз ба Тоҷикистон омадан дар мусобиқаи қаҳрамонии Гватемала бозӣ мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG