Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Наврӯзгоҳ гуштии миллӣ доир мешавад


Дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили иди Наврӯз мусобиқаҳои гуштии миллӣ ва пойгаи равон баргузор мегарданд.

Ба иттилои сомонаи шаҳрдорӣ, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе соати 10-и 24-уми март мусобиқаи кушоди пойгаи равон ва соати 10-и 25-уми март мусобиқаи гуштии миллӣ доир карда мешавад. Бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои гузаронидани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гуштии миллӣ дар пойтахт 109 ҳазору 550 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

«Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд», - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG