Пайвандҳои дастрасӣ

Никола Кавазович: “Ғалаба ба мо ба осонӣ муяссар нашуд”


Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Баъди анҷоми бозии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Покистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар ин нишаст чунин гуфт:

«Ин аввалин бозии расмӣ барои мо дар мавсими имсола буд. Мехостам бозигарону мураббиён ва ҳамаи мухлисони дастаро бо ин пирӯзӣ табрик бигӯям. Ғалаба ба мо ба осонӣ муяссар нашуд. Мо интизор будем, ки бозӣ бо мунтахаби Покистон вазнин хоҳад шуд. Дар нимаи аввали бозӣ мо якчанд лаҳзаҳои голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Баъди танаффус дар охири бозӣ як лаҳзаи хуби голзанӣ доштем ва муваффақ шудем. Дар бораи бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон мо ҳоло фикр намекунем. Ба мо зарур аст, ки аввал бар рақиби навбатиамон – дастаи Макао пирӯз шавем.»

Ҳамватани Кавазович сармураббии дастаи мунтахаби Покистон Завиша Милославлевич ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳарду даста бозии хуб ношон доданд. Вай афзуд, «мунтахаби Тоҷикистонро бо пирӯзӣ табрик мекунам. Баъзан як хато тақдири бозиро ҳал месозад. Имрӯз мо ба ин хато дар хатти дифоъ роҳ додем. Бозигарони мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи бозии инфиродӣ нисбат ба бозигарони мо бартарӣ доранд. Масалан, як нафар метавонад лаҳзаи голзанӣ ба вуҷуд оварад. Мо умедворем,ки дар бозиҳои боқимонда муқобили Қирғизистон ва Макао ғолиб шавем. Мо ҳанӯз имкони ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати AFC баромаданро дорем.”

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дирӯз, 17-уми март, дар Бишкек бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек бо ҳузури 400 тамошогар баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи мизбон - Қирғизистон бар тими Макао бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Давид Теттеҳ дар дақиқаи 45+1 зад.

Баъди даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи "В" дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Покистон ва Макао имтиёз ба даст наовардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC рӯзи сешанбе, 19-уми март бо тими Макао анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 11 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Покистон рақобат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG