Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Тоҷикистон ситоиш кард


Муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов зимни дидору мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Рустам Назаров аз ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, дар ҷараёни ин вохӯрӣ, ки рӯзҳои баргузории 56-умин иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Венаи Австрия доир шуд, Рустам Назаров ба Юрий Федотов дар бораи татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон, “Барномаи минтақавии пуштибонии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014”, “Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ҳадафҳои аслии қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки 13 феврали соли равон бо фармони президенти Тоҷикистон қабул шуда буд, иттилоъ дод.

Юрий Федотов бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо СММ таъкид дошт, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, Рустам Назаров дар доираи ин сафараш дар шаҳри Вена бо вазири корҳои дохилӣ ва дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон Мустафо Муҳаммади Наҷҷор, вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, раиси Хадамоти назорати маводи мухаддири Қирғизистон Олимбой Султонов мулоқот кард, ки зимни ин вохӯриҳо масоили мавриди назари тарафайн баррасӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG