Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

65 нафар дар пойтахт соҳиби ҷои кор шуданд


Корхонаи «Тоҷиксементстрой» бо интиқоли 60 тонна масолеҳи бинокории азбест ба Тоҷикистон дубора ба фаъолият шурӯъ кард

Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон 17 март ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки масъулони корхонаи «Тоҷиксементстрой» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Русия дар ҳафтаи гузашта 60 тонна азбест ворид карданд ва корхонаи мазкур ба пуррагӣ рӯзи душанбе ба истеҳсолот оғоз кард.

Ба иттилои ин манбаъ, азбест масолеҳи бинокорӣ буда, дар омехтагӣ бо семент аз он барои бомпӯши хонаҳо шифер истеҳсол карда мешавад. Ҳамакнун бо оғози фаъолияти ин коргоҳ 65 нафар сокинони пойтахт бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.
XS
SM
MD
LG