Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии новшикани Эрон дар Хазар ба шино даромад


Киштии новшикани сохти худи Эрон дар баҳри Хазар ба шино даромад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми ба шино даромадани киштии «Ҷамрон-2» дар бандари Анзолӣ гуфт, ҳадаф аз ин иқдом таҳкими сулҳу дӯстӣ дар минтақа аст, вале ҳамчунин «ин новшикан инҷост, то ба онҳое, ки мехоҳанд амнияти миллатҳои атрофро халалдор кунанд,» посух диҳад. Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ин киштӣ нахустин намунаи ҳузури таслиҳоти сақили Эрон дар ин минтақаи нафтхез аст. Ин новшикан, ки 94 метр тӯл ва майдони парвози чархболҳо дорад, бо мушакҳои замин-ба-замин ва замин-ба-ҳаво, радару истгоҳҳои мухобиротӣ ва тӯпхонаҳо мусаллаҳ будааст.
XS
SM
MD
LG