Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолон дар Эрон хостори номзадии Муҳаммад Хотамӣ дар интихобот шудаанд


Муҳаммад Хотамӣ - раиси ҷумҳури собиқи Эрон

Муҳаммад Хотамӣ - раиси ҷумҳури собиқи Эрон

Гурӯҳе аз чеҳраҳои ислоҳталаб дар дохили Эрон зимни номаи саркушода аз Муҳаммад Хотамӣ хостаанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ширкат варзад.

Бар асоси гузоришҳо, 91 нафар аз вазирони собиқ, намояндагони давраҳои пешини Маҷлис ва фаъолони сиёсию фарҳангӣ дар номаи саркушода ба Муҳаммад Хотамӣ, ки рӯзи шанбе нашр шуд, аз раиси ҷумҳури собиқи Эрон хостаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба «собиқаи мумтозаш» дар идораи кишвар ва ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба «маҳбубияти камназираш» дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвар ширкат варзад.

То кунун шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳасан Рӯҳонӣ, Муҳаммадризои Боҳунар, Муҳсин Ризоӣ ва Манучеҳр Муттакӣ гуфтаанд, ки дар ин интихобот ба унвони номзад иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳое низ дар бораи даъвати гурӯҳе аз ислоҳталабон дар дохили Эрон аз Муҳаммад Хотамӣ ва Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, ду раиси ҷумҳури собиқи Эрон, барои номзадӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ мунташир шудааст.

Пеш аз ин рӯзномаҳои «Шарқ» ва «Ҷаҳони санъат» аз қавли Муҳаммадризои Боҳунар, ноиби раиси Маҷлис ва аз чеҳраҳои умдаи усулгаро, навишта буданд, ки Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ва Муҳаммад Хотамӣ дар назарсанҷиҳои интихоботӣ пештоз ҳастанд.

Муҳаммад Хотамӣ чанд рӯз пеш бидуни ишораи мустақим ба даъватҳо аз ӯ барои номзадӣ дар интихобот гуфт, ки «дар мавриди тасмимгирии ман асло нигарон набошед. Ман як фард дар маҷмӯаи азими ислоҳталабон ҳастам ва назари худамро дорам ва дар айни ҳол дар амал ба назари ҷамъ эҳтиром мегузорам.»

Дар ҳамин ҳол ин пешниҳодҳо вокуниши тунди вазири иттилооти Эрон Ҳайдар Муслиҳиро дар пай доштааст.

Номбурда рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар ишораи ғайримустақим ба Муҳаммад Хотамӣ ва пешниҳодҳои гурӯҳе аз ислоҳталабон барои номзад шудани ӯ дар интихоботи оянда ин пешниҳодро «пуррӯӣ» хонда, онро ба кишварҳои Ғарб алоқаманд донист.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», вазири иттилооти Эрон дар як суханронӣ бидуни зикри мустақими номи Муҳаммад Хотамӣ ба пешниҳодҳои матраҳшуда барои номзадии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда ишора кард ва гуфт, «ҳама зидди инқилоб дар дохил ва хориҷи Эрон» дар паи номзадии ӯ ҳастанд.

Мустафо Тоҷзода, зиндонии сиёсӣ, ҳафтае пеш дар ёддоште, ки аз зиндони Эвин мунташир кард, навиштааст, ки «маҳбубият ва мақбулияти» оқои Хотамӣ афзоиш ёфта ва «иқтидоргароён аз ин сахт асабонӣ ҳастанд.»

Ин муовини сиёсии вазири корҳои дохилии Эрон дар замони раҳбарии оқои Хотамӣ хостори афзоиши даъватҳо аз Муҳаммад Хотамӣ барои пешбарии номзадияш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда шудааст.

Оқои Хотамӣ дар се соли гузашта аз интиқодгарони саркӯбиҳои пас аз интихобот будааст ва бархе мақомоти Эрон ва расонаҳои ҷараёни усулгаро аз ӯ дар канори Мирҳусайн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ ба унвони «сарони фитна» ном бурдаанд.

Оятуллоҳ Хоманеӣ ва дигар мақомоти Эрон аз эътирозҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури гузаштаи ин кишвар ба унвони «фитна» ёд мекунанд.

Дар ҷараёни ин эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва ба гуфтаи худи мақомоти интизомии Эрон, ҳазорон нафар боздошт шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG