Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин олудасозии фазоро коҳиш хоҳад дод


Раҳбарони нави Чин ваъда додаанд, ки олудасозии фазоро коҳиш дода, барои ҳалли масоили амнияти ғизоӣ мубориза хоҳанд бурд. Сарвазири Чин Лӣ Кекианг гуфт, онҳо шеваи рушди иқтисоди Чинро тавре хоҳанд кард, ки мардумро бо ҳавои поку обу ғизои амн таъмин кунад. Раиси нави Ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпин низ дар нахустин паёмаш ваъда супурд, ки барои “эҳёи бузурги миллати Чин” ва “кори бузурги сотсиализми чиноӣ” аз худ дареғ нахоҳад дошт.Сӣ Ҷинпин рӯзи 14 март ҷойгузини Ҳу Ҷинтао шуд. Табдили раҳбарони аввал дар ҳар 10 сол шартест, ки барои ҳукумати коммунистии Чин баъди 32 сол раёсати Мао Зедун ҳатмӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG