Пайвандҳои дастрасӣ

В.Иванов дар бораи виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ


Виктор Иванов

Виктор Иванов

Як мақоми аршади Русия гуфтааст, ҷорӣ кардани равуо бо шиносномаҳои хориҷӣ байни Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми қочоқи маводи мухаддирро то 30 маротиба коҳиш хоҳад дод. Мудири Хадамоти зидди маводи мухаддири Русия Виктор Иванов ба телевизиони “Россия-1” гуфтааст, ки кишварҳои ин минтақа воридкунандаи асосии маводи мамнӯъ ба Русияанд. Қаблан чанд гурӯҳи қавмгарои Русия ва ба дунбол, ҳизби коммунист ва як гурӯҳи умдаи мухолифини он кишвар аз ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон ҳимоят карданд. Аммо мақомоти расмии Маскаву Душанбе мегӯянд, феълан танҳо масъалаи бо шиносномаи хориҷӣ сурат додани равуо байни ин кишварҳо аз соли 2015 баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG