Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Албания ба 210 узви созмони Муҷоҳидини халқи Эрон, ки феълан дар як пойгоҳи собиқи Амрико дар канори Бағдод, пойтахти Ироқ, ба сар мебаранд, паноҳгоҳ пешниҳод кардааст. Аммо сухангӯи ин гурӯҳи мухолифи давлати Эрон гуфт, ки Муҷоҳидини халқ ғолибан ин пешниҳодро намепазирад. Шоҳин Қубодӣ гуфт, пешниҳоди паноҳгоҳ танҳо ба як бахши хурди ин гурӯҳ набояд пазируфта шавад.СММ мегӯяд, дар пойгоҳи собиқи Амрико беш аз 3000 узви Муҷоҳидини халқ ба сар мебаранд. Сарвазири Албания Солӣ Бериша рӯзи шанбе баъд аз мулоқот бо мақомотии Амрико ва СММ ба ин 210 тан пешниҳоди паноҳгоҳ дод ва гуфт, ин пешниҳод ба “далоили башарӣ”-ст. Муҷоҳидини халқ дар Эрон куштору бомбгузориҳо анҷом медод, вале дар соли 2001 роҳи хушунатро маҳкум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG