Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси зиндони Багром дар сӯҳбати Ҳагел бо Карзай


Дидори Ҳагел ва Карзай дар Кобул. Акс аз 10 марти соли 2013

Дидори Ҳагел ва Карзай дар Кобул. Акс аз 10 марти соли 2013

Вазири дифоъи Амрико Чак Ҳагел ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай тавассути телефон роҳҳои ҳалли ихтилофи назарҳо бар сари шеваи таҳвили назорати боздоштгоҳи Багром ба мақомоти афғонро баҳс кардаанд. Пентагон гуфт, Ҳагел ва Карзай розӣ шудаанд, ки рӯи ин мавзӯъ ҳассоси ҳафтаи оянда "шадидан кор кунанд.» Амрико мехоҳад итминон бигирад, ки маҳбусоне, ки фармондеҳони амрикоӣ хатарнок мешуморанд, баъди таҳвили назорати маҳбас озод шудаву ба майдони ҷанг бар нахоҳанд гашт. Таҳвили назорати зиндони Багром мебоист ҳафтае пеш, зимни боздиди Ҳагел доир мешуд, вале ба далели ихтилофоти назар ба таъхир омад.
XS
SM
MD
LG