Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин паёми раҳбари нави Чин


Сӣ Ҷинпин
Сӣ Ҷинпин
Раиси нави Ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпин дар нахустин паёмаш ваъда супурд, ки барои “эҳёи бузурги миллати Чин” ва “кори бузурги сотсиализми чиноӣ” аз худ дареғ нахоҳад дошт. Ӯ ба парлумон гуфт, агар Чин барои 1,3 миллиард мардумаш ҳаёти беҳтареро мехоҳад, набояд “заррае ором бигирад”.
Сӣ Ҷинпин рӯзи 14 март ҷойгузини Ҳу Ҷинтао дар мақоми раиси Ҷумҳурии Чин шуд. Табдили раҳбарони аввал дар ҳар 10 сол шартест, ки барои ҳукумати коммунистии Чин баъди 32 сол раёсати Мао Зедун ҳатмӣ шудааст. Чин бузургтарин шарики иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба иқтисоди ин кишвар 971 миллион доллар қарзу сармоя гузоштааст.
XS
SM
MD
LG