Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Қибрис раъйгирии муҳимро ба пагоҳ гузошт


Парлумони Қибрис баррасии мавзӯъи ҳассоси эъмоли молиёти вижа ба пасандозҳои бонкиро ба таъхир гузошт. Ин андоз як шарти ироаи 10 миллиард евро кумаки молии байналмилалӣ ба ин кишвари буҳронзадаи минтақаи еврост.
Намояндаи парлумон Антонис Коуталианос гуфт, раъйгирӣ, ки мебоист зӯҳри якшанбе доир шавад, ба рӯзи душанбе монд.
Кишварҳои минтақаи евро мехоҳанд, ки соҳибони ҳисобҳои бонкӣ дар Қибрис 10 дарсад андози вижа супоранд. Вале афзоиши мухолифати мардум умеди ҳукумат барои ахзи ризоияти парлумонро зери хатар мегузорад. Никозия рӯзи шанбе баъди 10 соати музокирот дар Брюссел бо мақомоти минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул ба ин муомила розӣ шуд, то ба 10 миллиард евро кумаки молӣ даст биёбад.
XS
SM
MD
LG