Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи панҷсолаи ҳукумати Покистон ба поён расид


Раҷо Парвиз Ашраф

Раҷо Парвиз Ашраф

Давлати кунунии Покистон нахустин кобинаи вазирони мунтахаб дар таърихи ин кишвар шуд, ки тавонист давраи панҷсолаашро тай кунад. Сарвазир Раҷо Парвиз Ашраф иштибоҳҳои ҳукуматашро ҳам эътироф кард, вале такмили давраи панҷсоларо аломати пирӯзии демократия номид: “Дуруст аст ки мо дар ин 5 соли гузашта натавонистум дарёи ширу шаҳдро ба кишвар сарозер кунем. Лекин мо барои ҳалли бисёре аз масоил ба қадри зарурӣ кӯшиш кардем. Ва бо фазлу карами Худо, мо имрӯз як демократияи тавоно дорем.”
Аз замони касби истиқлолаш дар соли 1947 Покистон шоҳиди 3 табадуллоти низомӣ буд ва ақрибан нисфи ин давра султаи раёсаташ дар дасти низомиҳо қарор дошт. Кобинаи кунунӣ ба мушкилоте, чун ҳамлаҳои хунини ҷангиёни исломӣ, низоъҳои мазҳабӣ, ҷудоиталабӣ, офоти табиӣ ва нокомии мақомот дар амри таъмини доими энержӣ рӯбарӯ буд. Бар иловаи ин мушкилоти дохилӣ, равобити ин давлати Покистон бо Амрико рӯ ба вахомат овард. Интихоботи ҷадид дар Покистон, қарор аст, то 90 рӯзи оянда доир шавад.
XS
SM
MD
LG