Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати АФК-2014: Имрӯз бозии Тоҷикистон - Покистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳангоми тамрин
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳангоми тамрин

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 имрӯз, 17-уми март дар Бишкек бо мунтахаби Покистон рақобат мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар дохиланд: дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев (ҳоло клуб надорад), Абдулазиз Маҳкамов («Хуҷанд»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгарон - Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов (ҳарду - “Регар-ТадАЗ”), нимҳимоятгарон - Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Нуриддин Давронов (“Слобода”, Сербия), Иброҳим Рабимов, Умедҷон Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарсе – «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов (“Регар-ТадАЗ), ҳамлагарон - Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳарду - «Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»).


Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, «мо рӯзи шанбе, 16-уми март тавассути ҳавопаймо ба Бишкек омадем. Бозиҳои гурӯҳи мо дар пойтахти Қирғизистон аз 17-ум то 21-уми март дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор мешаванд. Мо дирӯз дар ин варзишгоҳ тамрин кардем, ки дар он ҳамаи аъзои даста иштирок доштанд. Дар назди даста вазифа гузошта шудааст, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Рақиби аслии мо дар гурӯҳи “В” мунтахаби Покистон мебошад, ки солҳои ахир хеле пурқувват шудааст. Мо бозиҳои ин дастаро омӯхтем ва ба рақобат комилан омода ҳастем. Кӯшиш мекунем, ки аз бозии аввал бо Покистон се имтиёз ба даст биёрем. Вале аз дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Макао тарсу ҳарос надорем.”


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон 17-уми март бо дастаи Покистон, 19-уми март бо тими Макао ва 21-уми март бо дастаи мизбон - Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.
Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек имрӯз соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 11 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.


Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.


Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Мянмар (гурӯҳи «А»), Афғонистон (гурӯҳи «С») ва Фаластин (гурӯҳи «D”) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳхат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG