Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Афғонистон модари фарзандонашро сар бурид


Дар шаҳри Шибирғон – маркази вилояти Ҷузҷони Афғонистон як зан аз ҷониби шавҳараш ба қатл расид.

Бахши дарии радиои “Озодӣ” менависад, ин зани 28 соларо, ки Шарифа ном дошт ва соҳиби ду тифл буд, шавҳараш ваҳшиёна сар буридааст.

Абдумолики Мамнун, як масъули пулиси вилояти Ҷузҷон, гуфт, ки шавҳари ин зан аз ҷониби пулис дастгир гардид ва ба гуноҳи содиркардааш иқрор шудааст. Айни ҳол вай дар боздоштгоҳи муваққатии пулис ба сар мебарад ва таҳқиқот дар ин самт ҷараён дорад.

Масъули пулис афзуд, “ин мард, ки хонуми худро куштааст, қаблан низ ба ҷурми қатл маҳкум ба зиндон шуда буд ва баъди раҳоӣ аз маҳбаси Шибирғон ин бор хонуми худро сар буридааст.”

Доктор Мирвайс Аминӣ, раиси шифохонаи вилояти Ҷузҷон, гуфт, сари хонум тавассути як олати бурранда аз тан ҷудо гардида ва дигар қисмати баданаш солим мебошад. Ба гуфтаи доктор Аминӣ, ҷасад баъд аз муоинаи криминалӣ ба сардхона интиқол дода шудааст.

Наҷиба Қурайшӣ, раиси умури занони вилояти Ҷузҷон, бо изҳори нигаронӣ аз ин ҳодиса гуфт, “таи соли равон хушунат алайҳи занон дар ин вилоят бениҳоят афзоиш ёфтааст.”

Мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, раиси шӯрои вилояти Ҷузҷон, далели умдаи қатли занонро аз сӯи шавҳаронашон коҳиши муддати ҳабс барои муҷримон аз ҷониби давлат медонад: “Вақте ки як муҷрим барои 16 сол зиндонӣ мешавад ва баъди ду соли адои ҷазо муҳлати ҳабсаш кам мегардаду ба зудӣ аз зиндон раҳо меёбад, ин сабаб мешавад, ки муҷрим дубора даст ба куштор бизанад. Бояд ба гунаҳгор ҷазои сахт дода шавад.”

Ҳарчанд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар чанд соли ахир нигарониҳои худро дар мавриди хушунат ба занон дар Афғонистон изҳор кардаанд, аммо то ҳанӯз дар ин маврид иқдоми ҷиддие аз сӯи ҳукумати ин кишвар роҳандозӣ нашудааст.

Ба гуфтаи масъулони Созмони ҳуқуқи башар дар Ҷузҷон, ин 25-умин қатл мебошад, ки таи соли равон дар ин вилояти Афғонистон рух додааст.
XS
SM
MD
LG