Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев аз қурбониёни Оқсӯ ёд кард


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар як баёния аз қурбониёни тазоҳуроти 11 сол пеши Оқсу ёд кард. Пахши ин тазоҳурот дар 17 марти соли 2002 нахустин мавриди пахши хунини эътирозҳо дар Қирғизистон буд. Отамбоев аз мардум даъват кард, “онҳоеро ки Қирғизистонро дар баҳои ҷони худ ҳимоят кардаанд” фаромӯш накунанд. Пулис рӯзи 17 марти соли 2002 дар ҷараёни пароканда кардани эътироз дар шаҳри шимолии Оқсу 6 тан аз тазоҳургаронро ба ҳалокат расонд. Ин куштор мавҷи эътирозҳо алайҳи сарвазири вақт Қурмонбек Боқиевро ба бор овард. Боқиев, ки баъдан президент шуд, моҳи апрели соли 2010, дар пайи саркӯбии низ хунини эътирозҳо аз мақом барканор шуда, тарки кишвар кард.
XS
SM
MD
LG