Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии хунин ва суқути чархбол дар Чеченистон


Дар як даргирӣ дар марзи Чеченистону Ингуштистон дар минтақаи Қафқози шимолии Русия 5 чирикиро куштаанд. Кумитаи зиддитеррори Русия мегӯяд, нирӯҳои вижа дар ин минтақа як гурӯҳи чирикиҳои иборат аз 15 нафарро ошкор карданд. 5 тани онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кушта шудаанд.
Хабари дигар аз Чеченистон мегӯяд, ки бар асари суқути як чархболи нирӯҳои марзбонии Русия 3 тан аз 4 сарнишини ин МИ-8 ҷон бохтаанд. Додситонӣ гуфт, ин чархбол дар як ҳавои номусоид мехост дар пойгоҳи ҳавоии Хонқалъа бинишинад.
XS
SM
MD
LG