Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими видоъ ва дафни рассоми тоҷик дар Маскав


Имрӯз, 16 март, ҷанозаи рассоми маъруфи тоҷик Хушбахт Хушвақтовро дар оромгоҳи Троекуровскоеи шаҳри Маскав ба хок супурданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки расми видоъ бо Рассоми мардумии Тоҷикистон дар толори хайрбодии бемористони ба номи Бурденко доир шуда, дар он фарҳангиёни маъруфи муқими Маскав, аз ҷумла коргардон Бахтиёр Худоназаров, ширкат доштаанд. Хушбахт Хушвақтов, аз маъруфтарин манзаранигорони тоҷик, ки аз солҳои 90 дар Маскав ба сар мебурд, рӯзи 13 март дар синни 87 даргузашт.
XS
SM
MD
LG