Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико 14 раҳгири зиддимушакии изофӣ мегузорад


Чак Ҳагел

Чак Ҳагел

Амрико гуфт, дар посух ба таҳдиди зарбаи ҳастаиву мушакии Кореяи шимолӣ дар соҳилҳои ғарбиаш 14 раҳгири зиддимушакии изофӣ мегузорад. Вазири дифоъи Амрико Чак Ҳагел гуфт: “Имрӯз ман силсилаи иқдомҳоеро эълон мекунам, ки Амрико барои истодагарӣ дар баробари чолишҳои ношӣ аз пешрафти иқтидори мушакҳои раҳбурдии дурпарвози Кореяи шимолӣ ва Эрон рӯи даст мегирад.” Ин 14 раҳгир бар изофаи 30 раҳгирест, ки Амрико алакай дар Калифорния ва Аляска мустақар кардааст. Харҷи ин барнома 1 миллиард доллар баровард мешавад . Тибқи барнома, қарор аст, дар Ҷопон низ як радари изофӣ бигузоранд. Ин тадобири изофӣ бояд то соли 2017 иҷро шавад. Ҳагел гуфт, бо ин даври ниҳоии шабакаи дифоъи зиддимушакие, ки Амрико дар Аврупо месозад ва ба мухолифати Русия дучор шуда буд, лағв мешавад.
XS
SM
MD
LG