Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

СММ: Хушунат алайҳи зан ягон тавҷеҳ надорад


Созмони Милали Муттаҳид эъломияи вижаи мубориза бо хушунат алайҳи занону духтаронро тасвиб кард.

Ин санад мегӯяд, ягон "анъана, суннат ё мулоҳизоти динӣ” набояд хушунат алайҳи занонро тавҷеҳ ё сарфи назар кунад. Аммо иҷрои эъломия, ки рӯзи ҷумъа аз сӯи Кумиссиюни мақоми занони СММ бар асоси тавофуқи кишварҳои мусалмониву ғарбӣ тасвиб шуд, барои кишварҳои узв ҳатмӣ нест.

Эъломия ҳамчунин кишварҳоро ба таъмини занону духтарон бо таълими муоширати ҷинсӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳомилагӣ даъват мекунад. Ин эъломия бо вуҷуди норозигии калисои католикии Рум, Русия ва кишварҳои дигар тасвиб шуд. Миср, ки қудрати бештари сиёсиаш дар дасти гурӯҳи динии "Ихвонулмуслимин" аст, гуфт, ин санад метавонад “ҷомиаро ба ҳам занад.”

Аммо ба бовари ҳомиёни ҳуқуқи зан, тасвиби эъломия як амри муҳим дар роҳи талошҳо барои таъмини ҳуқуқи зан дар саросари ҷаҳон аст. Дар музокироти ин масъала ҳудуди 190 кишвар ширкат доштаанд. Шаннон Ковалски, як масъули Эътилофи байналмилалии тандурустии занон дар Ню-Йорк ба "Озодӣ" гуфт, санади тасвибшуда як санади “пуриддао”-ст: “Ин як матни хубу пуриддаост, ки дар роҳи расидагӣ ба масоили хушунат алайҳи занону духтарон ҳимояти қавиеро фароҳам меорад. Ва мо хеле хушем, ки ин эъломия тасвиб шуд.”

Дипломатҳо мегӯянд, як “эътилофи мудҳиш”-е, ки Эрону Русияву Ватикан ва ҳамин тавр, бархе кишварҳои Африқову Ховари Миёнаро дар бар мегирифт, аз оғози музокирот талош доштанд, то бархе бахшҳои ин эъломияро ба далоили анъанавиву мазҳабӣ ҳазф кунанд. Як дипломати СММ бидуни бурдани ном ба “Озодӣ” гуфт, масоили баҳсӣ ҳуқуқи ҳамҷинсбозон, таълими масоили муоширати ҷинсӣ барои наврасон, дастрасӣ ба васоили ҷилавгирӣ аз ҳомилашавӣ ва таҷовуз ба номус аз сӯи шавҳарро фаро мегирифт.

Хонум Ковалски гуфт, ҳомиёни ҳуқуқи зан мехоҳанд, ки эъломия ҳаққи занон барои шикоят аз таҷовуз ба номуси онҳо аз ҷониби шавҳаронашон ва ҳам маҳкум кардани хушунати мабнӣ бар гароиши ҷинсиро низ дар бар бигирад.

Матни тасвибшуда давлатҳоро ба таъмини оҷили васоили ҷилавгирӣ аз бордоршавӣ барои заноне, ки дучори таҷовуз шудаанд, даъват мекунад. Эъломия фарогири даъватҳо ба таъмини рифолаҳо ва табобати амрози ҷинсӣ низ ҳаст. Як иловае, ки Мисру кишварҳои дигар мехостанд ба матни эъломия илҳоқ шавад, додани чунин иҷозат ба кишварҳо буд, ки дар сурати таноқузот бо анъанаҳои миллӣ, аз иҷрои эъломия сарфи назар кунанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, чунин таҳрир эъломияро ба як санади беҳуда табдил хоҳад дод.

Шаннон Ковалски гуфт, матни ниҳоии эъломия баръакс мегӯяд, ки давлатҳо набояд далоили фарҳангӣ ё мазҳабиро ба манзури сарфи назар кардани хушунат алайҳи занон истифода кунанд: “Як паёми қавӣ ин аст, ки мегӯяд, давлатҳо муваззафанд хушунатро маҳкум ва ба он расидагӣ кунанд ва онҳо набояд дар ин росто фарҳангу анъана ё динро баҳона биоранд.”

Тарафдорон мегӯянд, ҳарчанд эъломияи мубориза бо хушунат алайҳи занон воҷибулиҷро нест, вале вазни бузурги сиёсӣ дорад. Радика Балкришнан, раҳбари Маркази раҳбарии ҷаҳонии занон Русияро айбдор кард, ки аз баҳси ин санад низ ба хотири тавсиаи нуфузи сиёсии байналмилалиаш сӯъиистифода кардааст.

Мояи дигари хашми гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи зан Миср шуд, ки гурӯҳи "Ихвонулмуслимин"-аш дар як баёния гуфт, ин эъломия бо ироаи ҳаққи идораи будҷаи хонавода ва ҳаққи сафар бидуни иҷозати шавҳар ба занон ҷомиаи Мисрро “ба ҳам хоҳад зад.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Эъломияи СММ дар пасманзари чанд мавриди пурсарусадои хушунат алайҳи занон тасвиб шуд. Яке аз ин мавридҳо захмӣ шудани Малола Юсуфзайи 15-сола аз тири ҷангиёни Толибон дар Покистон дар моҳи октябр ва якеи дигар таҷовуз ба номус ва қатли як духтари ҳиндӣ дар Деҳлии нав дар моҳи декабр буд, ки ҳарду маврид мавҷи эътирозҳои байналмилалиро ба бор овард.

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2011 ба 12 маркази буҳронии марбут ба Кумитаи зан ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон беш аз 9000 шикоят расидааст. Ахиран ба қонуни ҷиноии ин кишвар банди алоҳидаи хушунат алайҳи зан ҳам ворид карда шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, яке аз фаъолони шинохтаи ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон ва раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива Плюс” ба Озодӣ гуфт, ҳарчанд иҷрои эъломияи СММ барои давлатҳо ҳатмӣ нест, вале ба ҳар сурат, як чорчӯби меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи занро барои давлатҳо муайян мекунад.

Хонум Бобоназарова аммо мӯътақид аст, ки барои рафъи хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама ҷаҳонбинии ҷомиаро тағйир дод ва занонро аз нигоҳи молӣ аз мардон мустақил кард.


XS
SM
MD
LG