Пайвандҳои дастрасӣ

Кобинаи нави вазирони Чин тасвиб шуд


Ҳу Ҷинтао(аз чап) раҳбариро рӯзи 14 март ба Сӣ Ҷинпин супурд

Ҳу Ҷинтао(аз чап) раҳбариро рӯзи 14 март ба Сӣ Ҷинпин супурд

Парлумони Чин ҳайъати кобинаи нави вазиронро тасвиб кард. Шӯрои давлатии Чин тақрибан 30 сиёсатмадори собиқадор, бо шумули вузарои ҷадиди молияву тиҷорат ва умури хориҷиро дар бар мегирад. Ба мақоми вазири молия расидани Гао Ҳученг, ки дар Фаронса таҳсил кардааст, ва интисоби коршиноси байналмилалӣ Лоу Ҷивей ба симати вазири тиҷорат зоҳиран ба хотири итминони хотир додани бозорҳои молист, ки сиёсати иқтисодии Чин собит боқӣ хоҳад монд. Дипломати касбӣ Ванг Йӣ, ки масъули масоили коҳиши таслиҳоти Кореяи шимолӣ ва эҳёи равобит бо Тайван буд, вазири хориҷаи Чин таъйин шуд. Жоу Сиаочуан дар мақоми раиси Бонки миллӣ боқӣ монд. Ташкили Шӯрои давлатӣ раванди таҳвили қудрат ба насли нави раҳбарони коммунисти Чинро, ки баъди ҳар 10 сол анҷом мешавад, такмил кард. Ин раванд рӯзи 14 март бо интисоби Сӣ Ҷинпин ба мақоми раҳбари аввали Чин оғоз ёфта буд.
XS
SM
MD
LG