Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис 10 миллиард евро кумак хоҳад гирифт


Йероэн Дийсеоблоем- раҳбари феълии минтақаи евро
Йероэн Дийсеоблоем- раҳбари феълии минтақаи евро
Вазирони молияи минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул дар нишасти Брюссел ҷиҳати ироаи 10 миллиард евро кумаки молӣ ба Қибрис тавофуқ карданд. Қибрис дар пайи Юнону Ирландия ва Португалияву Испания панҷумин кишварест, ки барои наҷот аз буҳрони минтақаи евро кумаки молӣ мехоҳад. Аммо кумаки ваъдашуда камтар аз 17 миллиард евроест, ки Қибрис мехост. Йероэн Дийселблоем- вазири молияи Ҳолланд ва раҳбари минтақаи евро - гуфт: “Минтақаи евро усулан розӣ шуд, ки барои ҳифзи субои молии Қибрис ва минтақаи евро дар маҷмӯъ кумаки молӣ расонад, вале ин бастаи кумакҳо то ҳадди 10 миллиард евро коҳиш дода шуд.” Русия низ зоҳиран мехоҳад дар наҷоти Қибрис ширкат кунад, зеро, бино ба хабарҳо, Маскав шояд замони бозпардохти 2,5 миллиард евро қарзи ин кишвари ҳавзаи баҳри Миёназаминро ба ақиб андозад. Интизор меравад, вазири молияи Қибрис Михалис Саррис ба ин манзур ҳафтаи оянда ба Русия сафар кунад.
XS
SM
MD
LG