Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз, 16 март, дар Маскав ҷанозаи рассоми маъруфи тоҷик Хушбахт Хушвақтовро ба хок месупоранд. Хушвақтов аз солҳои 90 дар Маскав ба сар мебурд ва наздиконаш тасмим гирифтанд, ки ӯро дар ҳаминҷо дафн кунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қаблан изҳори омодагӣ карда буд, ки тамоми хароҷоти дафни рассомии мардумии Тоҷикистон чӣ дар Маскав ва чӣ дар сурати интиқоли ҷанозааш ба Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Хушбахт Хушвақтов рӯзи 13 март дар синни 87 даргузашт. Ӯ яке аз маъруфтарин наққошони тоҷик дар жанри манзаранигорӣ ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG