Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаби Мирзо мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад


Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик.

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи шумораи 39-и Восеъ, на аз тариқи ҳизбӣ, балки аз роҳи инфиродӣ вориди корзор мешавад.

Интихоботи миёндаврӣ дар ин ҳавза, рӯзи 5-уми майи соли равон баргузор хоҳад шуд.

Раҷаби Мирзо, ки сардори Маркази сотсиологии «Бозтоб» ва узви раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон низ мебошад, рӯзи 15-уми март ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ниҳоят тасмим гирифтааст, ба шакли инфиродӣ дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи шумораи 39-и ноҳияи Восеъ барои курсии Маҷлиси Намояндагон талош намояд.

Вай гуфт, ки ин тасмимашро бо ҲДТ машварат кардааст ва ҳизб аз номзадии ӯ дар корзори интихоботӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Раҷаби Мирзо дар ҳоле ба «Озодӣ» суҳбат мекард, ки дар ноҳияи Восеъ бо гуруҳи кории худ машғули ҷамъоварии имзоҳо буд.

Ба нақли ҷаноби Мирзо, аллакай аъзои гуруҳи корӣ ҳамаи 500 имзои зарурӣ барои пешбарии номзад дар ҳавзаро ҷамъ овардаанд ва тасмим дорад, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, ба таври расмӣ номзадии худро дар Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон сабти ном кунад.

Раҷаби Мирзо қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, ки барномаи номзадиашро низ мушаххас кардааст ва «бо фаро гирифтани масъалаҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вазъи беҳдоштии ин ноҳия, аз ҷумла, гирифторони бемории сил» бахши аслии барномаи кории ӯ дар сурати пирӯзиаш дар интихобот хоҳад шуд.

Зимнан, Раҷаби Мирзо дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз тариқи худпешбарӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур номзад шуда буд, аммо дар ниҳоят номзади ҳизби ҳокими халқӣ - демократ пирӯз гардид. Раҷаби Мирзо 39-сол дошта ва ҳоло раҳбарии Маркази сотсиологии «Бозтоб» -ро бар дӯш дорад.

Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март дар ҷаласаи ахири аъзои ин ниҳод қарор кард, ки рӯзи 5 майи соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёндавраӣ баргузор шавад.

Қарор аст, интихобот барои ҷойгузинии курсии Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон барпо шавад. Ин номзад аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин шуд. Баъди таъйиноти ӯ ба ин вазифа, рӯзи 27ғуми феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати депутатиаш қатъ карда шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG