Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ ҳафт сарбози ин кишварро куштаанд


Афроди мусаллаҳ бо ҳамлаи ногаҳонӣ ба як автобуси сарбозони ироқӣ ҳашт нафари онҳоро кушта ва яке дигарро захмӣ кардаанд. Ҳодиса дар наздикии шаҳри Байиҷӣ воқеъ дар 250 километрии шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба вуқӯъ пайвастааст. Бар асар ҳамла, автобус сарнагун шудааст ва ҳамлаварон ҳангоми берун омадани сарбозон аз автобус онҳоро куштаанд. Маъмурони амниятии Ироқ ба ҷустуҷӯи ин афрод шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG