Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико сипари дифоъии мушакиашро тақвият мекунад


Чак Ҳейгел, вазири дифоъи Амрико эълон кард, кишвараш бо назардошти таҳдидҳои атомии Куриёи Шимолӣ, сипари дифоъи зидди мушакиашро тақвият мебахшад. Ӯ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, Амрико ба системаи зиддимушакиаш дар соҳилҳои шимолии кишвар 14 мушаки дигар изофа хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, қарор дар ин замина ба хотири муқобила бо таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ гирифта шудааст, ки дар сохти мушакҳо пешрафт кардааст. Чак Ҳейгел афзуд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин дар Ҷопон як истгоҳи радёбии мушакҳоро ҷойгир хоҳад кард. Чанде пеш Куриёи Шимолӣ таҳдид кард, ки ба душманонаш бо бомби атомӣ ҳамла хоҳад кард. Амрико дар иёлоти Калифорния ва Аляска то кунун 30 мушак ҷойгир кардааст, ки мушакҳои дигарро ҳангоми парвоз маҳв мекунанд. Ба гуфтаи вазири дифоъи Амрико мушакҳои изофӣ то соли 2017 ҷойгир карда мешаванд. Системаи дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида аз соли 2004 вуҷуд дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG