Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо баррасии масъалаи Сурия ба таъхир андохт


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баррасии қарор дар мавриди мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Сурияро ба таъхир андохтанд, ки ин шӯришиён алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд. Ҳерман Ван Ромпуи, раҳбари Шӯрои Аврупо гуфт, вазирони умури хориҷии кишварҳои узв масъалаи лағви таҳрими фурӯши силоҳ ба Сурия ва таъмини шӯришиён бо силоҳро ҳафтаи оянда рӯзҳои 22 ва 23 март дар шаҳри Дублин баррасӣ хоҳанд кард. Ван Ромпуи дар ин бора дар поёни нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел сухан гуфт. Фаронса ва Бритониё хоста буданд, ки таҳрими фурӯши силоҳ ба Сурия хотима дода шавад. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, дар ҳоле,ки суриягиҳо қатли ом мешаванд ва Башор Асад ба ҳалли сиёсии муноқиша мойил нест, Аврупо наметавонад, худро канор бигирад. Аммо Олмон мухолифи мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Сурия аст. Аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар ин кишвар дар ду соли пеш то кунун тақрибан 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG